Якоб Ингебригтсен дар давидан ба масофаи 5000 метр дар Чемпионати Ҷаҳон дар Будапешт ғолиб шуд

Якоб Ингебригтсен дар давидан ба масофаи 5000 метр дар Чемпионати Ҷаҳон дар Будапешт ғолиб шуд

Чемпиони амалкунандаи ҷаҳон дар давидан ба масофаи 5000 метр, Якоб Ингебригтсен аз Норвегия дар Қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар Будапешти Маҷористон баргузор гардида истодааст, медали тилло гирифт.

Варзишгар масофаро дар 13.11.30 тай кард.

Ҷои дуюмро Муҳаммад Катир аз Испания бо натиҷаи 13:11,44 гирифт. Медали биринҷӣ насиби Ҷейкоб Кроп аз Кения гардид, ки ин масофаро бо натиҷаи 13:12,28 давид.

Варзиши сабук. Чемпионати Ҷаҳон – 2023, Будапешт

Давидан ба масофаи 5 000 м, мардон

1. Якоб Ингебригтсен (Норвегия) – 13.11,30.

2. Муҳаммад Катир (Испания) – 13.11,44.

3. Ҷейкоб Кроп (Кения) – 13.12,28.

Ёдовар мешавем, ки дар масофаи 1500 метр қаҳрамони олимпии соли 2020 дар ин ришта Ингебригтсен дуюм шуд ва пирӯзиро намояндаи Британияи Кабир Ҷош Керр ба даст овард.

Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук 19 август оғоз шуда, 27-уми август ба анҷом расид. Шаҳри Будапешти Маҷористон давоми як ҳафта мизбони Қаҳрамонии ҷаҳон буд.