Ямал гаронарзиштарин бозигари Ла Лигаи тибқи фарзияи Transfermarkt

Портали маъруфи омории Transfermarkt, ки ба баҳогузории арзиши бозигарони футбол тахассус дорад, маълумоти навро дар бораи Ла Лигаи Испания нашр намуд.
Бино ба ин гузориш, гаронбаҳотарин бозигарони чемпионати Испания вингери дастаи «Барселона» — Ламин Ямал бо арзиши 200 миллион евро, ва ҳамчунин бозигарони «Реал Мадрид» — Килиан Мбаппе ва Ҷуд Беллингем мебошанд, ки арзиши ҳар яки онҳо 180 миллион евро мебошад.
Дар топ-10-и футболбозони арзишманди Ла Лига, панҷ бозигари «Реал Мадрид» ва чаҳор бозигари «Барселона» ҷой гирифтаанд. Танҳо як намоянда аз бошгоҳи сеюми бузурги Испания — «Атлетико Мадрид» дар ин рӯйхат шомил аст - форварди аргентинӣ Хулиан Алварес, ки арзишаш 100 миллион евро муайян шудааст.
Ин навсозии арзишҳо боз як далели нуфуз ва нерӯи ҷавонони дастаҳои пешсафи Испания ба ҳисоб меравад.
Топ-10 бозигарони гаронарзиштарини Ла Лиги тибқи фарзияи Transfermarkt (июн 2025):
1. Ламин Ямал («Барселона») — € 200 млн;
2-3. Килиан Мбаппе («Реал Мадрид») — € 180 млн;
2-3. Ҷуд Беллингем («Реал Мадрид») — € 180 млн;
4. Винисиус Ҷуниор («Реал Мадрид») — € 170 млн;
5. Педри («Барселона») — € 140 млн;
6. Федерико Валверде («Реал Мадрид») — € 130 млн;
7. Хулиан Алварес («Атлетико Мадрид») — € 100 млн;
8-9. Рафиня («Барселона») — € 90 млн;
8-9. Родриго («Реал Мадрид») — € 90 млн;
10. Пау Кубарси («Барселона») — € 80 млн.