Ямал худро бо Месси, Роналду ва Марадона муқоиса кард

Ямал худро бо Месси, Роналду ва Марадона муқоиса кард

Ҳамлагари «Барселона» Ламин Ямал худро бо футболбозони афсонавӣ — Лионел Месси, Криштиану Роналду ва Диего Марадона муқоиса кард.

«Бозигарони афсонавӣ ба мисли Месси, Криштиану ва Марадона ҳастанд... Аммо фикр мекунам, ки пеш аз ин ҳеҷ гоҳ чунин ҳолате набуд, ки як футболбоз дар чунин синни ҷавонӣ ба ин қадар дастовард ноил шуда бошад!

Одамон фикр мекунанд, ки агар ман аллакай ин қадар унвон ба даст оварда бошам, пас дар ягон лаҳза метавонам ором шавам. Аммо ман медонам, ки барои дар таърихи футбол мондан ҳанӯз ҳазор кор бояд анҷом диҳам», — фишурдаи суханони Ямалро наҳрияи The Touchline иқтибос овардааст.

Дар мавсими гузашта, Ямал дар ҳайати «Барселона» қаҳрамони Испания шуд. Дар ҳайати мунтахаби Испания вингери 19-сола қаҳрамони ҷаҳон гардид.