Ямал ҷоизаи беҳтарин футболбози ҷавони солро соҳиб мешавад

Ямал ҷоизаи беҳтарин футболбози ҷавони солро соҳиб мешавад

Нимҳимоятгари тими “Барселона” Ламин Ямал ҷоизаи беҳтарин футболбози ҷавони солро соҳиб мешавад.

Вингери 17-солаи “Барселона” ва тими миллии Испания ҷоизаи “Golden Boy”-ро ба даст меорад. Дар ин бора 27-уми ноябр Diario Sport расман эълон кард.

Ёдовар мешавем, ки “Golden Boy” ҷоиза барои беҳтарин футболбози ҷавони сол дар Аврупо мебошад. Ин мукофотро рӯзномаи итолиёвии Tuttosport медиҳад. Барандаи феълии ин ҷоиза нимҳимоятгари тими “Реал Мадрид” Ҷуд Беллингем мебошад.

Дар маросими тақдими ҷоизаи кунунии “Тӯби тиллоӣ” Ямал ҳамчун беҳтарин бозигари ҷавони сол ҷоизаи “Kopа Trophy” гирифта буд.

Дар хотир доред, ки тобистони соли 2024 Ямал қаҳрамони Аврупо дар ҳайати тими миллии Испания шуд ва ҷавонтарин бозигаре гардид, ки муаллифи гол ва ирсоли головар гардид.