Ян Непомняший дар раддабандии ФИДЕ як зина поин омад
Ҳамин тариқ, айни ҳол варзишгари 33-сола дар зинаи шашум қарор дошта, соҳиби 2771 хол мебошад. Аз Ян бошад намояндаи эронитабори Фаронса Алиризо Фируҷа бо 2777 хол пеш гузашт.
Пешсафи раддабандии ФИДЕ то ба ҳол шоҳмотбози норвегӣ Магнус Карлсен бо 2839 хол боқӣ мемонад. Шомили топ-20 шоҳмотбозони ҷаҳон ҳамчунин Сергей Карякин ва Александр Гряшук мебошанд, ки мутаносибан зинаҳои 12-ум ва 18-умро ишғол мекунанд.