Янг Сзяю аввалин медали тиллоро дар Бозиҳои олимпӣ соҳиб шуд

Янг Сзяю аввалин медали тиллоро дар Бозиҳои олимпӣ соҳиб шуд

Имрӯз дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж -2024 мусобиқоти варзиши сабук оғоз ёфт. Дар пиёдагардии варзишӣ ба масофаи 20 км миёни бонувон ғолибон муайян шуданд. 45 варзишгар миёни бонувон дар пиёдагардии варзишӣ миёни ҳам сабқат карданд.

Янг Сзяю дар мусобикаи пиёдагардии варзишӣ ба масофаи 20 километр байни занон медали тилло гирифт. Натиҷаи ғолиб 1:25:53 аст. Ба Янг 38 тосония нарасид, то рекорди олимпиро нав кунад. Рекорди ҷаҳонӣ ба номи Янг Сзяю бо натиҷаи 1:23:49 ба қайд гирифта шудааст. Рекорди олимпӣ бошад, ба номи дигари варзишгари чинӣ Кеянг Шиҷие, ки дар Бозиҳои олимпии Лондон -2012 бо натиҷаи 1:25:16 гузошта шуда буд, тааллуқ дорад.

Қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон дар соли 2023 Мария Перес аз Испания дуюм шуда, ба хатти марра расид. Ҷемайма Монтаг аз Австралия медали биринҷӣ гирифт.

Бонуи 28-солаи чинӣ соли 2017 қаҳрамони ҷаҳон шуда буд ва имрӯз ӯ аввалин медали тиллоро дар Бозиҳои олимпӣ соҳиб шуд. Янг Сзяю дар таърихи тай кардани масофаи 20 километр натиҷаи дуюми беҳтарин — 1:23:49, баъди рекорди рус Елена Лашманова — 1:23:39 дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио -2020 Янг Сзяю 12-ум шуда, ба хати марра расида буд.

Бозиҳои олимпии Париж -2024

Варзиши сабук, пиёдагардии варзишӣ ба масофаи 20 км миёни бонувон

1. Ян Сзяюй (Чин) 1:25:54

2. Мария Перес (Испания) 1:26:19

3. Ҷемайма Монтаг (Австралия) 1:26:25