Янник Синнер аз тамринҳои “Ювентус”-и Турин дидан кард

Янник Синнер аз тамринҳои “Ювентус”-и Турин дидан кард

Қаҳрамони панҷкаратаи сабқатҳои Тоскулоҳи бузурги теннис ва ракеткаи рақами яки ҷаҳон Янник Синнер дар тамринҳои бошгоҳи “Ювентус”-и Турин ширкат кард.

Ёдовар мешавем, ки Янник Синнер аз ширкат дар мусобиқаи кушоди ИМА - 2026 даст кашид. Қаблан хабар дода шуда буд, ки варзишгар дар Турин аз захми зону табобат мегирад. Пас аз муоина дар шифохона ба ӯ тавсия дода шуд, ки то 6 сентябр аз тамринҳо худдорӣ кунад.

Синнер аз замони пирӯзӣ дар Уимблдон - 2026 дар ягон бозии расмӣ ширкат накардааст. Ин мавсим теннисбоз шаш унвони қаҳрамониро моли хеш намуд. Панҷ қаҳрамонӣ дар Мастерси Монте-Карло, Мадрид, Рим, Индиан-Уэллс ва Майами ва ҷоизаи шашум дар Уимблдон ба даст оварда шудаанд.

“Ювентус” бошад пас аз анҷоми ду давр дар зинаи панҷуми ҷадвали лигаи футболи Италия дар ҷои панҷум қарор дорад.