Янник Синнер барои ҳифзи унвони қаҳрамонӣ дар Australian Open — 2025 талош дорад

Янник Синнер барои ҳифзи унвони қаҳрамонӣ дар Australian Open — 2025 талош дорад

Ракеткаи якуми ҷаҳон, теннисбози итолиёвӣ Янник Синнер дар даври дуюми мусобиқаи Australian Open — 2025 бо мушкили пирӯзӣ ба даст овард. Дар ин давр Синнер бо ракеткаи 173-юми ҷаҳон Тристан Сколкейти австралиягӣ бозӣ кард.

Теннисбозон рӯи корт 2 соату 50 дақиқа бозӣ карданд ва вохӯрӣ бо ҳисоби 4:6, 6:4, 6:1, 6:3 ба фоидаи Синнер анҷом ёфт.

Дар даври сеюми мусобиқоти кушоди Австралия Янник Синнер бо ракеткаи 46-уми ҷаҳон Маркос Гирони амрикоӣ бозӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи Australian Open — 2025 аз 12-ум то 26 –ум январ баргузор мешавад. Қаҳрамони феълии мусобиқа теннисбози итолиёвӣ Янник Синнер дар Мелбурн мебошад.