Янник Синнер ғолиби мусобиқаи ATP Masters дар Майами шуд

Янник Синнер ғолиби мусобиқаи ATP Masters дар Майами шуд

Теннисбози итолиёвӣ, ракеткаи сеюми ҷаҳон - Янник Синнер ғолиби мусобиқаи ATP Masters дар Майами шуд. Теннисбоз дар вохӯрии ниҳоӣ муқобили ракеткаи 12-уми ҷаҳон Григор Димитрови булғорӣ дар ду сет дилпурона пирӯзӣ ба даст овард.

Вохӯрии теннисбозон рӯи корт 1 соату 13 дақиқа идома ёфта, бо ҳисоби 6:3, 6:1 ба фоидаи Синнер анҷом ёфт.

Янник Синнер пас аз пирӯзӣ дар Майами дар раддабандии ATP аз Карлос Алкарараси испанӣ пеш гузашт ва барои аввалин бор дар корномаи худ ракеткаи дуюми ҷаҳон шуд. Григор Димитров дар навбати худ дар раддабандӣ ба зинаи нӯҳум баромад.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқа дар Майами аз 20 –ум то 31-уми март баргузор шуд. Маблағи умумии ҷоиза дар сабқати яккаса байни мардон 8,9 миллион долларро ташкил дод. Ғолиби феълии ин мусобиқа Даниил Медведеви рус аст, ки дар бозии ҳалкунандаи соли гузашта бар Янник Синнери итолиёвӣ пирӯз шуда буд.