Яннис Адетокунбо шоҳи баскетболро аз ҷоиза маҳрум кард

Яннис Адетокунбо шоҳи баскетболро аз ҷоиза маҳрум кард

Ҳамлагари «Милуоки Бакс» – Яннис Адетокунбо баррандаи ҷоизаи MVP дар мавсими 2019/20 НБА гардид. Ин хабарро рӯзноманигор – Адриан Войнаровский дар сафҳаи "Твиттер"-и худ расман эълон кард. Баскетболбози тими миллии Юнон ин ҷоизаи инфиродиро бори дуввум дар корномаи варзишии худ ба даст овард.

Довталабони дигари ин ҷоизаи бонуфуз ҳамлагари «Лос-Анҷелес Лейкерс» – Леброн Ҷеймс ва ҳимоятгари «Ҳиюстон Рокетс» – Ҷеймс Харден буданд. Ёдовар мешавем, ки «Милуоки Бакс» муборизаро барои унвони қаҳрамонӣ дар НБА аллакай аз даст додааст. Дар даври нимниҳоии плей-оффи Конфронси Шарқӣ «Милуоки Бакс» аз «Майами Хит» бо ҳисоби умумии 1:4 мағлуб гашт.