Йоахим Лёв ҳанӯз имконият дорад

Йоахим Лёв ҳанӯз имконият дорад

Президенти Иттиҳоди футболи Олмон (DFB) Фритс Келлер эълом дошт, ки нақша надорад, ки Йоахим Лёвро аз вазифаи сармураббигии тими миллӣ сабукдӯш кунад.

- Мо бояд то охири чемпионати Аврупо мунтазир шавем ва бубинем, ки оқибат чӣ мешавад. Шартномаи Лёв бо федератсия то охири Ҷоми Ҷаҳони соли 2022 баста шудааст, мо мехоҳем онро иҷро кунем.

- Мақсади мо инаст, ки Лёв то даври нимниҳоии Чемпионати Аврупо боқӣ мемонад. Ин хеле шӯҳратпарастӣ аст, аммо мо бояд танҳо дар назди худ мақсадҳои олӣ гузорем, - иқтибос меорад рӯзномаи "Welt am Sonntag" аз суханони Келлер.

Ёдовар мешавем, ки чемпионати Аврупо аз 11-уми июн то 11-уми июли соли 2021 баргузор мешавад. Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаи мунтахаби Олмон бо тимҳои Маҷористон, Португалия ва Фаронса рақобат мекунад.

Бояд гуфт, ки Лёв аз соли 2006 ба ин сӯ дастаи мунтахаби Олмонро раҳбарӣ мекунад. Таҳти роҳбарии ӯ, Олмон дар соли 2014 қаҳрамони ҷаҳо шуд ва инчунин Ҷоми Конфедератсия-2017-ро ба даст овард.