“Йокогама” ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт

Бозии ҷавобии марҳилаи ҳаштякниҳоии Лигаи Чемпионҳои Элитаи Осиё миёни дастаҳои “Йокогама” –и Ҷопон ва “Шанхай Порт”-и Чин ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи байналмилалии Йокогама баргузор гардида, бо ҳисоби 4 бар 1 ба фоидаи тими мизбон анҷом ёфт.
Голҳоро аз ҳайати “Йокогама” дар дақиқаҳои 29-ум ва 56-ум Андерсон Лопес, дар дақиқаи 2-юм Даия Тоно ва дар дақиқаи 44-ум Ян Матеус ба самар расониданд. Ягона голи “Шайнхай Порт”-ро Леонардо Насименто марбути номи хеш намуд.
Ҳамин тавр, аз ҳисоби бозии рафту баргашт бо ҳисоби 5 бар 1 “Йокогама” бар “Шанхай Порт” зафар ёфта, роҳашро ба даври чаҳорякниҳоӣ ҳамвор кард ва онҷо пас аз қуръакашӣ рақиби хешро хоҳад шинохт.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло дастаҳои “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ, “Ал-Садд”-и Қатар ва “Йокогама”-и Ҷопон ба даври чаҳорякниҳоии Лигаи Чемпионҳои Элитаи Осиё роҳ ёфтаанд. 5 дастаи дигар пас аз бозиҳои ҷавобӣ имрӯзу пагоҳ муайян хоҳанд шуд.
Маврид ба зикр аст, ки “Йокогама” соли гузашта ба финали Лигаи Чемпионҳои Осиё баромада, дар бозии рафту баргашт аз “Ал-Айн”-и АМА (6:3) мағлуб шуда буд.