Юрген Клопп дастаашро иваз мекунад

Юрген Клопп дастаашро иваз мекунад

Тими миллии Олмон номзадии сармураббии кунунии «Ливерпул» - Юрген Клоппро ҳамчун ҷойгузини Йоахим Лёв ҷонибдорӣ кардааст. Дар ин бора Mirror менависад.

Ба иттилои сарчашма «Ливерпул» тамоми тадбирҳоро меандешад то ин мутахассисро аз даст надиҳад.

Худи Клопп бошад, ишғоли мақоми сармураббии якачини Олмонро яке аз ҳадафҳои асосии худ хонда, онро барои пешрафту инкишофи корномаи мураббигии хеш муҳим баҳогузорӣ кардааст. Клопп мавсими ҷорӣ бо «Ливерпул» то соли 2024 созишномаи нав баст.

Ин мутахассиси олмонӣ шуруъ аз соли 2015 бо бошгоҳи англисӣ кор мекунад ва соли гузашта бо 97 имтиёзи рекордии ба даст овардааш чемпионати Премйер-лига нашуд, аммо ғолиби Лигаи Чемпионҳо гардид.