Юрий Жирков дар тими мураббии тоҷикистонӣ бозӣ мекунад

Юрий Жирков дар тими мураббии тоҷикистонӣ бозӣ мекунад

Бозингари қариб чилсола ва худ ба қавли мардумӣ   “Бобо”-и Жирков ба ҳайси футболбози озод ба “Химки” гузариш намуд ва дар ин бора аъзои Шӯрои директорони бошгоҳи футболи “Химки” Роман Терюшков вақти имзокунии шартномаи корӣ бо ин футболбози 38-сола иттилоъ додааст.

«Панҷ дақиқа қабл гуфтушунидҳо бо Жирковро хотима додем. Юрий вилояти Москваро интихоб кард. Шартнома ба ним сол ва бо имкони тамдидкунӣ ба як соли дигар имзо намудем. Натиҷаҳои муоинаи тиббӣ моро пурра қаноатманд карданд ва бозингари нави мо ба ҷамъомадҳои таринӣ меравад», — гуфтааст Терюшков вақти сӯҳбат бо харнигори сомонаи   “Чемпионат” Андрей Панков.


Ёдовар мешавем, ки бошгоҳи ахири Жиркови 38-сола  “Зенит” -и Санкт-Петербург буд, ки дар ин тими питерӣ Жирков  смёни солҳои 2016 ва 2021 баромад намудааст.   Ҳамчунин ҳимоягар дар тӯли маснади варзишӣ дар сафи тимҳое чун ССКА-и Москва, як муддат дар  “Челси” -и Лондон,  “Анжи” -и Махачқалъа ва  “Динамо” -и Москва нерӯозмоӣ кардааст. Ҳамакнун бошад Юрий Жирков дар дами 38-солагӣ талош ба харҷ медиҳад, ки ба Черевченкои тоҷикистонӣ дар  “Химки”  баҳри дастрасӣ ба  натиҷаҳои беҳтари варзишӣ дасти кӯмак дароз кунад.