“Ювентус” - қаҳрамони марҳилаи якуми Серияи А

“Ювентус” - қаҳрамони марҳилаи якуми Серияи А

Ин ҳафта дар чемпионати Италия бозиҳои даври 19-ум, ки анҷомбахши марҳилаи якум маҳсуб мешуданд, барпо гардиданд. Тақвим яку якбора се бозии ҷолибу диданиро бо иштироки “Латсио”-“Наполи”, “Интер”-“Аталанта” ва “Рома”-“Ювентус” барои мухлисону алоқамандони Серияи А пешниҳод кард. Аз ин байн дидори “Рома”-ву “Ювентус” бе ягон шакку тардид яке аз бозиҳои марказии ҳафта на танҳо дар нимҷазираи Апенин, балки дар Аврупо низ дониста мешуд. Шогирдони Мауритсио Сарри дар ҳоле меҳмони “Рома” шуданд, ки дар 5 бозии охири худ дар ҳамаи мусобиқаҳо дар “Олимпико” ягон пирӯзӣ надоштанд. 
Оғози бозӣ барои дастаи мизбон фоҷеабор буд. Ибтидо аз дарҳам барҳамии хати дифои ҳариф истифода карда, дар дақиқаи 3-юм Мерих Демирал ҳисобро кушод. Баъдан Жордан Верату дар дохили ҷаримагоҳаш Пауло Дибаларо аз по заду ҷониби дарвозааш пеналти овард. Роналду ҳисобро 2-0 кард. Баъд аз ин бартарӣ комилан ба ихтиёри "Рома" гузашт. “Ҷаларосси” аз имкониятҳои бешумори ба вуҷуд овардаи хеш танҳо як маротиба гол заданд. Муаллифи он Диего Перотти буд, ки дар дақиқаи 68-ум пеналтиро бехато ба дарвозаи меҳмонон ҷо кард. Бо ҳамин “Рома” давоми 6 соли охир бори аввал аз дасти “Ювентус” дар чемпионат шикаст хӯрд. Ин бохт боиси аз чаҳоргонаи аввал берун шудани шогирдони Паулу Фонсека гашт. “Ювентус” бошад, марҳилаи якуми чемпионатро дар зинаи якум ҷамъбаст кард. Ҳоло даста аз “Интер” 2 хол зиёд дорад.