“Ювентус” ғалабаи муҳимро ба даст овард

“Ювентус” ғалабаи муҳимро ба  даст овард

Дар даври 37-уми Серия А “Ювентус” дар майдони худ бо “Интер” бозӣ кард. Дидор дар варзишгоҳи “Алиянс”-и Турин баргузор гардида, бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи мизбонон хатм гардид. Ҳисоби бозиро Криштиану Роналду дар дақиқаи 24-ум кушод. Ромелу Лукаку аз пеналти дар дақиқаи 35-ум ҳисобро баробар кард ва аввалин голи худро ба дарвозаи “Ювентус” зад. Дар сонияҳои охири вақти изофа намудаи довар дар қисмати якум Хуан Куадрадо бо як зарбаи қавии худ ҳисобро 2:1 намуд.

Дар нимаи дуюм “Интер” нисбат ба “Ювентус” фаъол буд. Сар карда аз дақиқаи 55-ум баъди корти сурх гирифтани Бентанкур мизбонон бо шумораи кам бозиро идома медоданд. Фаъолии “Интер” дар дақиқаи 83-ум ба худголи Киеллини оварда расонид ва натиҷа 2:2 шуд. Чунин ба назар мерасид, ки бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ба анҷом мерасад, аммо баъди қоидавайронкунии Перишич довар пеналтии сеюмро гузошт. Хуан Куадрадо зарбаро бехато иҷро карда, ҳисобро 3:2 кард ва “Ювентус” ғалабаи муҳими худро дар мавсим ба даст овард. Агар шогирдони Пирло пирӯз намешуданд, шояд имконияти ба даст оврадани роҳхати марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳоро барои мавсими оянда аз даст медоданд. Баъди ин пирӯзӣ туриниҳо бо 75 хол ба зинаи чорум баромаданд, аммо “Наполи” дар ин давр бозии худро доир накардааст.