“Ювентус” ба Бернарду Силва мароқ зоҳир кардааст
Бошгоҳи итолиёвии “Ювентус” омодааст ба нимҳимоятгари португалии “Манчестер Сити” Бернарду Силва шартномаи нав пешниҳод намояд. Дар ин бора рӯзноманигор Николо Скира хабар додааст.
Тибқи маълумоти манбаъ, тими шаҳри Турин мехоҳад бо футболбози 31-сола то тобистони соли 2028 шартнома имзо кунад. Ҳамчунин дар созишнома имкони тамдиди он барои як мавсими дигар — то соли 2029 пешбинӣ мешавад.
Гуфта мешавад, ки маоши Бернарду Силва дар “Ювентус” солона 8 миллион евро хоҳад буд. Аз ин маблағ, 2 миллион евро ҳамчун бонус муайян шудааст - як миллион барои натиҷаҳои инфиродӣ ва як миллиони дигар дар сурати роҳ ёфтани “Ювентус” ба Лигаи чемпионҳо.
Шартномаи ҳозираи Бернарду Силва бо “Манчестер Сити” то тобистони соли 2026 амал мекунад. Аз ҳамин сабаб, футболбози португалӣ метавонад баъди анҷоми шартнома ба ҳайси бозигари озод ва бе пардохти маблағи трансферӣ дастаашро иваз кунад.