“Ювентус” маротибаи дуюм аст, ки Погбаро аз “МЮ” ба таври ройгон ба ҳайаташ шомил месозад

“Ювентус” маротибаи дуюм аст, ки Погбаро аз “МЮ” ба таври ройгон ба ҳайаташ шомил месозад

Ба гуфтаи рӯзноманигор Ҷанлука Ди Мартсио дар шабакаҳои иҷтимоӣ тафсилоти ниҳоии гузариши нимҳимоятгари фаронсавӣ Пол Погба ба  дастаи “Ювентус”-и  шаҳри Турин бояд имрӯз ҳал шавад.

Тибқи иттилои  манбаъ, ҷонибҳо танҳо як нуқтаи муҳимро баррасӣ мекунанд, ки оё қарордод барои чаҳор сол ё се сол бо имкони тамдид баста мешавад. Муоинаи  тиббии Погба рӯзҳои 5-8 июл дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки футболбози фаронсавӣ дар охири мавсими гузашта, дастаи “Манчестер Юнайтед”-ро тарк карда буд. Ба ғайр аз “Ювентус”,  «ПСЖ» низ талоши ба даст овардани ниммуҳофизатгари фаронсавиро карда буд.

Дар мавсиме, ки ба охир расид, Пол Погба дар ҳайати «Манчестер Юнайтед» дар тамоми мусобиқаҳо 27 бозӣ анҷом дода, як гол ва 9 партофти головар кардааст. Интернет портали Transfermarkt арзиши бозории Погбаро 48 миллион евро арзёбӣ кардааст.