«Ювентус» ситораи «МЮ»-ро харидорӣ мекунад

«Ювентус» ситораи «МЮ»-ро харидорӣ мекунад

«Ювентус» бо Миной Райолой, ки намояндаи бозигари «Манчестер Юнайтед» - Пол Погба маҳсуб мешавад, дар мавриди гузариши ниммуҳофизатгар гуфтушӯнид анҷом дод.

Ба иттилои сарчашма клуби туринӣ Погбаро дар нақши ивазкунандаи Миралем Пянич ва Адриено Рабйо, ки ҳарду тобистон азми рафтан доранд, дидан мехоҳад. Ба ҷуз аз “Юве” ба ҳунари Погба ҳамчунин «Пари Сен-Жермен», «Интер» ва «Реал» низ таваҷҷуҳ доранд. Погба бо «Манчестер Юнайтед» то рӯзи 30 июни соли 2021 шартнома дорад. Қаблан ниммуҳофизатгари мунтахаби Фаронса аз соли 2012 то 2016 дар «Ювентус» бозӣ кардааст.