Зак Стаблети-Кук – қаҳрамони Бозиҳои олимпии Токио-2020

Зак Стаблети-Кук – қаҳрамони Бозиҳои олимпии Токио-2020

Зак Стаблети-Кук аз Австралия дар шиноварии тарзи брасс ба масофаи 200 метр миёни мардон мақоми аввалро соҳиб гардид. Шиновари австралиягӣ рекорди олимпиро иваз кард. Натиҷаи нишондодаи ӯ 2:06.38 сонияро ташкил дод. Бо тафоввути 0.63 сония Арно Камминга аз кишвари Нидерланд дар зинаи дуюм қарор гирифт. Медали биринҷӣ насиби Матти Маттссон аз Финляндия шуд.

Бозиҳои олимпии Токио-2020. Шиноварӣ, мардон, 200м брасс

Зак Стаблети-Кук (Австралия), 2:06.38 - рекорди олимпӣ

Арно Камминга (Нидерланд), 2:07.01

Матти Маттссон (Финландия), 2:07.13