Замони оғози бозиҳои мусобиқаи “CAFA Nations Cup-2023” тасдиқ шуд

Замони оғози бозиҳои мусобиқаи “CAFA Nations Cup-2023” тасдиқ шуд

Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ вақти оғози бозиҳои мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023»-ро, ки аз 10 то 20 июн дар шаҳрҳои Тошканду Бишкек баргузор мешавад, тасдиқ кард.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо яккачинҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Уммон рақобат мекунад. Бозиҳо дар ин чаҳоргона дар шаҳри Тошканд баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозии худро дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ рӯзи 11-уми июн бо тими миллии Туркманистон анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор» баргузор шуда, соати 18:30 оғоз мешавад.

Дар даври дуюм рӯзи 14-уми июн дастаи мо дар варзишгоҳи «Пахтакор» бо тими Уммон бозӣ мекунад. Оғози ин вохӯрӣ соати 18:30 дар назар аст.

Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 17-уми июн тими миллии Тоҷикистон бо тими миллии Ӯзбекистон вомехӯрад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Бунёдкор» соати 20:30 оғоз мешавад.

Бар асоси низомномаи Ҷоми миллатҳои CAFA дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешаванд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал ба ҳам меоянд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои нишонҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Бозиҳои финалӣ 20 июн дар Тошканд баргузор мешаванд.

 Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ-2023

 Гурӯҳи «А»

 Ӯзбекистон (мизбони гурӯҳ)

 ТОҶИКИСТОН

Туркманистон

Уммон

Даври 1

 11 июн (якшанбе)

Оғоз – соати 18:30

 Тоҷикистон –  Туркманистон

 Тошканд, варзишгоҳи «Пахтакор»

 11 июн (якшанбе)

Оғоз – соати 18:30

 Ӯзбекистон – Уммон

Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор»

Даври 2

14 июн (чоршанбе)

 Оғоз – соати 18:30

 Уммон –  Тоҷикистон

Тошканд, варзишгоҳи «Пахтакор»

 14 июн (чоршанбе)

 Оғоз – соати 20:30

 Туркманистон –  Ӯзбекистон

 Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор»

 Даври 3

 17 июн (шанбе)

 Оғоз – соати 18:30

 Туркманистон –  Уммон

Тошканд, варзишгоҳи «Пахтакор»

 17 июн (шанбе)

Оғоз – соати 20:30

 Ӯзбекистон – Тоҷикистон

Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор»

 Бозӣ барои ҷойи сеюм

20 июн (сешанбе)

 Оғоз – соати 18:30

Ҷойи дуюми гурӯҳи «В» – ҷойи дуюми гурӯҳи «А»

 Тошканд, варзишгоҳи «Пахтакор»

Финал

20 июн (сешанбе)

Оғоз – соати 20:30

Ғолиби гурӯҳи «А» – ғолиби гурӯҳи «В»

Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор»