Зарбаи навбатии CAS ба варзиши сабуки Россия

Зарбаи навбатии CAS ба варзиши сабуки Россия

Додгоҳи ҳакамии варзишӣ (CAS) қарор кард, ки қаҳрамонҳои олимпии варзиши сабук Россия - Андрей Силнов ва Наталя Антюхро барои истифодаи допинг муҷозот кунад. Варзишгарони Россия барои вайрон намудани қоидаҳои зидди допингӣ муҷозот шуданд. Мӯҳлати қабул муҷозоти варзишгарон чор солро дар бар мегирад. Ҳама натиҷаҳое, ки Антюх ва Силнов аз 30 июни соли 2013 нишон дода буданд, бекор карда мешаванд. Ҳарду варзишгар аллакай фаъолияти варзишии хешро ба анҷом расониданд. Ёдовар мешавем, ки Силнови 36-сола қаҳрамони олимпии соли 2008 дар ҷаҳидан ба баландӣ мебошад. Антюхи 39-сола дар Олимпиадаи соли 2012 дар давидан ба масофаи 400 метр ғолиб шуда буд. Мӯҳлати маҳрум кардани варзишгарон аз 7 апрели соли 2021 оғоз шуд.