Заурбек Сидаков маротибаи сеюм қаҳрамони ҷаҳон шуд

Заурбек Сидаков маротибаи сеюм қаҳрамони ҷаҳон шуд

Қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2020, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон дар риштаи гӯштини тарзи озод Заурбек Сидаков аз Русия дар вазни то 74 кг дар Қаҳрамонии ҷаҳон - 2023 дар шаҳри Белгради Сербия ба гирифтани нишони тилло даст ёфт. Ин нишони сеюми тиллоӣ Заурбек дар мусобиқаҳои Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи озод аст. Ҳамчунин, нишони дуюми тиллоӣ тими мунтахаби Русия дар Қаҳрамонии ҷаҳон – 2023 аст.

Сидаков дар муборизаи ҳалкунанда намояндаи Амрико - Кайл Дэйкро дар муборизаи пуршиддат бо ҳисоби 10:7 мағлуб кард. Ҳамин тавр, Сидакови 27-сола қаҳрамони секаратаи ҷаҳон гардид.

Ёдовар мешавем, ки аз 16 то 24-уми сентябр дар шаҳри Белгради Сербия Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи озод ва юнону румӣ баргузор шуда истодааст. Барои нахустин бор дар ду соли ахир Кумитаи иҷроияи ҷаҳони гӯштини муттаҳид (UWW) ба намояндагони Русия ва Белорус иҷоза дод, ки дар мусобиқаи асосии гӯштин ширкат кунанд, аммо танҳо ба ҳайси варзишгарони инфиродии бетараф таҳти ихтисораи AIN.