Ӯзбекистон бори 7-ум дар Ҷоми Осиё баромад мекунад

Тими миллии Ӯзбекистон маротибаи ҳафтум дар Ҷоми Осиё баромад мекунад. Аввалин бор Ӯзбекистон соли 1996 дар ин мусобиқаи бонуфузи Осиёӣ иштирок карда буд.
Футболбозони ӯзбек кӯшиш хоҳанд кард, ки беҳтарин нишондоди худро, ки дар соли 2011 анҷом дода буданд, беҳтар созанд. Онҷо тими миллии Ӯзбекистон дар даври нимниҳоӣ аз Қатар мағлуб шуда буд. Мунтахаби Ӯзбекистон қаблан дар Ҷоми Осиё солҳои 1996, 2004 дар марҳилаи гурӯҳӣ, солҳои 2007, 2015 дар даври чаҳорякниҳоӣ ва соли 2019 дар дарви ҳаштякниҳоӣ баромад карда буд.
Хотиррасон мешавем, ки тими мунтахаби Ӯзбекистон шомили гурӯҳи “В” буда, он ҷо бо мунтахабҳои Сурия, Ҳиндустон ва Австралия бозӣ мекунад. 13-уми январ Ӯзбекистон бозии аввалашро дар Ҷоми Осиё -2023 дар Қатар муқобили Сурия дар варзишгоҳи ба номи шайх Ҷассим бин Ҳамадаи шаҳри Доҳа баргузор мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар аз 12-уми январ то 10 -уми феврали соли 2024 миёни 24 дастаи мунтахаб баргузор мешавад.