Ӯзбекистон ғолиби мусобиқаи FIFA Series 2026
Мунтахаби Ӯзбекистон дар бозии ниҳоии мусобиқаи FIFA Series 2026 бар тими Венесуэла пирӯз шуда, унвони қаҳрамониро ба даст овард.
Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Бунёдкор”-и Тошканд баргузор гардида, вақти асосӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Дар силсилаи зарбаҳои пеналтӣ футболбозони Ӯзбекистон бо ҳисоби 5:4 дастболо шуданд.
Ҳайати мунтахаби Ӯзбекистон дар ин бозӣ чунин буд: Нематов, Хусанов, Ашурматов, Шукуров, Хамробеков, Ғаниев, Урунов, Насруллаев, Шомуродов, Каримов ва Урозов.
Дар бозии дигари гурӯҳ Габон низ дар силсилаи пеналтӣ (3:2) бар Тринидад ва Тобаго пирӯз шуд. Вақти асосии он бозӣ бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфта буд.
Дар натиҷаи умумии мусобиқа, мунтахаби Ӯзбекистон бо 6 имтиёз ҷои аввалро касб кард. Венесуэла бо 3 имтиёз дуюм, Габон бо 2 имтиёз сеюм ва Тринидад ва Тобаго бо 1 имтиёз зинаи чорумро ишғол намуданд.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Ӯзбекистон мусобиқаро бо пирӯзӣ бар Габон (3:1) оғоз карда буд. Дар навбати худ, Венесуэла дар даври аввал бар тими Тринидад ва Тобаго (4:1) ғалаба карда буд.