“Зенит” барои собиқ бозигари “Реал” 10 млн доллар пешниҳод кардааст
Дастаи «Зенит» ба нимҳимоятгари бошгоҳи «Америка»-и Мексика Алваро Фидалго таваҷҷуҳ кардааст.
Ба иттилои FOX Sports, бошгоҳи Петербург аллакай раҳбарияти «Америка»-ро дар бораи омодагии худ барои пардохти 10 миллион доллар, ки дар шартномаи футболбоз ҳамчун ҷуброн зикр шудааст, огоҳ кардааст.
Ҳамзамон қайд карда мешавад, ки «Америка» чунин мешуморад, ки ин интиқол хеле ногувор хоҳад буд, зеро муомилоти молӣ бо дастаҳои Русия бинобар таҳримҳо душвор аст.
Ёдовар мешавем, ки Фидалго аз соли 2012 дар ҳайати “Реал Мадрид” буд. Ӯ соли 2018 дар дастаи Мадрид 12 дақиқа дар як бозии Ҷоми Испания ба майдон баромад.
Аз соли 2021 инҷониб испании 26-сола дар тими “Америка” бозӣ мекунад ва дар он 125 бозӣ (10 гол ва 19 ассист) кардааст. Шартномаи ӯ бо бошгоҳи мексикоӣ то соли 2026 амал мекунад.