Жансая Абдумалик сабаби иштирок надоштанашро дар ҶҶ оид ба шоҳмот шарҳ дод

Жансая Абдумалик сабаби иштирок надоштанашро дар ҶҶ оид ба шоҳмот шарҳ дод

Шоҳмотбозбонуи қазоқ Жансая Абдумалик оиди ширкат накарданаш дар Чемпионати даставии ҷаҳон дар Бидгоши Полша сухан кард, иттилоъ медиҳад рӯзноманигори Vesti.kz.

Ёдрас мекунем, ки мунтахаби бонувони Қазоқистон оиди шоҳмот бори нахуст дар таърих ба финали Чемпионати ҷаҳон-2023 роҳ ёфт ва дар бозии ҳалкунанда аз мунтахаби Гурҷистон шикаст хӯрд. Ҳамин тариқ, бонувони қазоқ барандаи нишонҳои нуқра гардиданд.

"Бонувони мо ба финали чемпионати ҷаҳон роҳ ёфтанд. Чаро Шумо шомили даста нестед?" - суол кард ӯро яке аз обуначиён.

"Духтаракон - хубчеҳраҳо, ман ба ҷавонон имкон медиҳам", - посух додааст Абдумалик дар саҳифаи Instagram-и хеш.

Дар ҳайати мунтахаби Қазоқистон Бибисоро Асаубаева, Меруерт Камолидинова, Ксения Балабаева, Алуа Нурманова, Асел Серикбай ва Амина Каирбекова баромад карданд.