Жиру дар ҳайати Фаронса корномаи футболбозиашро ба охир расонид

Тавре ки қаблан интизор мерафт, ҳамлагари ситора Оливйе Жиру дигар дар ҳайати тими миллии Фаронса бозӣ намекунад.
Имрӯз форварди 37-сола расман эълон кард, ки корномаи байналмиллалиаш ба охир мерасад. Вохӯрии охирини ӯ дар ҳайати Фаронса дар бозии марҳилаи нимниҳоии Евро-2024 муқобили Испания (1:2) буд.
Жиру беҳтарин нишонзан дар таърихи тими миллии Фаронса мебошад. Вай дар 137 бозии корномааш 57 гол задааст. Дар ҳайати тими миллии Фаронса - Жиру қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2018 шуд. Дар Чемпионати Аврупо-2024 Жиру дар 4 бозӣ ба майдон баромад, аммо ягон амали шоиста надошт.
Ёдовар мешавем, ки ин тобистон Жиру аз “Милан” ҳамчун агенти озод ба “Лос-Анҷелес” гузариш кард.