Жоау Феликс аз “Челси” ба “Милан” рафт!

Ҳамлагари португалии тими “Челси” – Жоау Феликс ба дастаи “Милан” гузашт. Дар ин бора сомонаи расмии Серияи А-и Италия хабар дод.
Қобили зикр аст, ки футболбози португалӣ то охири мавсими ҷорӣ дар ҳайати «Милан» дар иҷора бозӣ мекунад.
Дар мавсими имсола Феликс дар 20 бозӣ дар ҳама мусобиқаҳо ба майдон баромада, 7 гол ва 2 паси головар анҷом додааст.
Шартномаи кории футболбози португалӣ бо “Челси” то тобистони соли 2030 баста шудааст. Тибқи маълумоти портали Transfermarkt, арзиши бозории футболбоз 30 миллион евро аст.