Жоау Невеш бо “ПСЖ” тамдиди шартнома намуд

Жоау Невеш бо “ПСЖ” тамдиди шартнома намуд

Нимҳимоятгари португалии “ПСЖ” Жоау Невеш бо клуб шартномаи нав имзо кард.

Бино ба иттилои Le Parisien, созишномаи футболбози португалӣ бо тими шаҳри Париж барои як мавсим тамдид шуд ва акнун то соли 2030 амал мекунад. Тибқи маълумоти манбаъ, шартҳои қарордоди қаблӣ то соли 2029 бозбинӣ гардида, маоши бозигар зиёд карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Невеш тобистони соли 2024 аз “Бенфика” ба пойтахти Фаронса гузашта буд ва дар мавсими дебютии худ ба даста барои ба даст овардани Лигаи чемпионҳо, чемпионати Фаронса ва Ҷоми Фаронса кӯмак расонд.