Жоау Палиня оиди бозии мунтахабҳои Португалия ва Словения ибрози назар кард

Футболбози мунтахаби Португалия - Жоау Палиня дар бораи бозии дарпешистодаи даври 1/8-ниҳоии чемпионати Аврупо-2024, ки дар он дастааш бо тими миллии Словения вомехӯрад, андешаҳояшро баён кард. Нимҳимоятгар ба сатҳи ҳариф баҳо дод.
“Набудани таҷриба дар тими миллии Словения? Вақте ки шумо ба марҳилаи плей-офф мерасед, ман фикр мекунам дигар таҷриба он қадар муҳим нест. Футбол дар айни замон аст, ҳозир аст ва он қадар муҳим нест, ки чӣ дар гузашта рух дод.
Мо медонем , ки бо чӣ гуна рақиб дучор мешавем. Албатта, мо ҷиҳатҳои тавонои Словенияро медонем. Бо онҳо бозӣ кардан душвор аст, аммо мо ҳам қавӣ ҳастем. Мақсади мо ин аст, ки ба даври дигар роҳ ёбем - гуфтааст, Палиня дар мусоҳиба бо вебсайти расмии УЕФА.
Дастаҳои миллии Португалия ва Словения рӯзи 1 –уми июл бозӣ хоҳанд кард. Вохӯрӣ дар Франкфурт дар варзишгоҳи «Дойче Банк Парк», соати 23:50 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Португалия бо шаш имтиёз дар гурӯҳи “F” дар ҷои аввал ва Словения бо се имтиёз дар гурӯҳи “С” дар ҷои сеюм ба марҳилаи плей-офф роҳ ёфтанд.
Қобили зикр аст, ки Словения барои аввалин бор дар таърихи Евро ба плей-офф роҳ ёфт.