Жоржи Жезуш – мураббии ҷанҷолӣ...?!
Вазъият дар атрофи тими миллии Португалия, ки дар пайи ихтилоф бо сармураббӣ Жоржи Жезуш - Криштиану Роналду пеш аз муҳлат урдугоҳи мунтахабро тарк кард, таваҷҷуҳи зиёдеро ба худ ҷалб намуд. Дар пайи ин ҳодисаи пуровоза, расонаҳо ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба гузашта ва фаъолияти мураббии португалӣ рӯ оварда, ҳолатҳои баҳсбарангези фаъолияти ӯро ба ёд оварданд.
Жезуш кайҳо боз ҳамчун мураббие шинохта мешавад, ки хислати оштинопазир ва хеле эҳсосотӣ дорад. Дар пасманзари ихтилофи ахир бо Роналду чандин ҳодисаи баҳсбарангези фаъолияти ӯ дубора мавриди баррасӣ қарор гирифт:
Соли 2013 — ҳангоми як бозӣ Жезуш бо масъулони амниятӣ ва кормандони полис ба муноқишаи шадид ворид шуд. Ӯ мехост мухлисони «Бенфика»-ро, ки ба майдон баромада буданд, ҳимоя кунад. Барои ин мураббӣ ба 30 рӯз маҳрумият аз фаъолият ҷазо гирифт.
Соли 2013 — пас аз мағлубияти «Бенфика» дар финали Ҷоми Португалия ҳамлагари даста Оскар Кардосо дар дохили майдон Жезушро тела дод.
Соли 2014 — ҳангоми бозӣ миёни «Бенфика» ва «Тоттенҳэм» Жезуш бо сармураббии лондониҳо Тим Шервуд дар канори майдон баҳси шадид кард. Дар ин лаҳза Жезуш дар посух ба се голи дастааш ба таври намоишкорона се ангушташро нишон дод.
Соли 2015 — Жезуш пас аз шаш соли фаъолияти муваффақ «Бенфика»-ро тарк карда, бо рақиби асосии ин клуб - «Спортинг» шартнома баст.
Соли 2015 — пас аз баҳси шадид бо сармураббии «Порту» Хулен Лопетеги, ҳар ду мутахассисро маҷбур шуданд, ки мустақиман дар дохили майдон аз ҳам ҷудо кунанд.
Соли 2020 — пас аз бозии Лигаи чемпионҳо миёни «ПСЖ» ва «Истанбул Башакшеҳир», Жезуш дар бораи масъалаи нажодпарастӣ изҳороти пуровоза баён кард.
Соли 2021 — мураббӣ вақте ба ғазаб омад, ки ҳамлагар Гонсалу Рамуш ҳангоми гирифтани дастурҳои тактикӣ ба iPad-и Жезуш нигоҳ мекард. Жезуш дасти футболбозро бо дағалона тела дод.
Соли 2026 — ҳодисаи ахир дар тими миллии Португалия, ки дар пайи он Криштиану Роналду урдугоҳи мунтахабро тарк кард ва баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овард.