Жозе Моуриню ба зудӣ сармураббии “Реал Мадрид” мешавад

Жозе Моуриню ба зудӣ сармураббии “Реал Мадрид” мешавад

Сармураббии феълии “Бенфика” Жозе Моуриню дар арафаи бозгашт ба “Реал Мадрид” қарор дорад. Дар ин бора нашрияи португалии Record хабар додааст.

Тибқи маълумоти манбаъ, роҳбарияти “Реал” расман ба “Бенфика” муроҷиат карда, аз нияти худ барои харидории шартномаи мутахассиси 63-сола хабар додааст. Гуфта мешавад, ки бошгоҳи шаҳри Мадрид омода аст ҳафтаи оянда барои озод кардани Моуриню аз шартнома 15 миллион евро пардохт намояд.

Бино ба гузоришҳо, роҳбарони “Реал” пас аз паҳн шудани наворе, ки дар он Моуриню бо либоси “Реал Мадрид” зоҳир шуда буд, тамосҳоро бо “Бенфика” оғоз карданд. Баъдан маълум шуд, ки ин навор эҳтимолан бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ омода гардида, аз ҷониби ситоди интихоботии президенти кунунии клуб Флорентино Перес таҳия шудааст.

Жозе Моуриню қаблан солҳои 2010 то 2013 “Реал Мадрид”-ро роҳбарӣ карда, бо ин даста қаҳрамони Испания, барандаи Ҷоми Испания ва Суперҷоми кишвар гардида буд. Аз ҳамин сабаб, эҳтимоли бозгашти ӯ ба “Сантяго Бернабеу” таваҷҷуҳи зиёди мухлисон ва расонаҳоро ба худ ҷалб кардааст.

Дар сурати ба анҷом расидани созиш, Моуриню бори дуюм сармураббии “Реал Мадрид” шуда, саҳифаи нави фаъолияти худро дар яке аз пуровозатарин бошгоҳҳои ҷаҳон оғоз хоҳад кард.