Жозе Моуриню расман сармураббии нави “Реал Мадрид” шуд

Жозе Моуриню  расман сармураббии нави “Реал Мадрид” шуд

Бошгоҳи шоҳонаи “ Реал Мадрид” расман аз таъйини мутахассиси португалӣ Жозе Моуриню ба ҳайси сармураббии нави даста хабар дод.

Тибқи иттилои расмӣ, шартномаи мураббии 63-сола бо бошгоҳи шаҳри Мадрид барои се мавсим ба имзо расида, то 30 июни соли 2029 амал хоҳад кард.

Моуриню аз 13 июл, ҳамзамон бо оғози омодагиҳои пешазмавсимии даста, ба кори худ дар “Реал” шурӯъ мекунад. Барои бозгардонидани мутахассиси португалӣ роҳбарияти “Реал” ба бошгоҳи португалии “Бенфика” маблағи ҷубронпулии 15 миллион евро пардохт кардааст.

Ин дуюмин давраи фаъолияти Жозе Моуриню дар “Сантяго Бернабеу” хоҳад буд. Ӯ қаблан солҳои 2010 то 2013 роҳбарии “Реал”-ро ба уҳда дошта, дар ин муддат дастаи шаҳри Мадридро ба қаҳрамонии Ла Лига, ғолиби Ҷоми Испания ва Суперҷоми Испания расонида буд.

Мухлисони “Реал” умедворанд, ки бозгашти мураббии пуртаҷриба ба оғози давраи нави муваффақиятҳои даста замина мегузорад. Моуриню яке аз маъруфтарин ва унвондортарин мураббиёни ҷаҳон маҳсуб шуда, дар фаъолияти худ бо бошгоҳҳои “Порту”, “Челси”, “Интер”, “Реал”, “Манчестер Юнайтед”, “Тоттенҳэм”, “Рома” ва “Бенфика” ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Ҳоло таваҷҷуҳи мухлисони футбол ба он равона шудааст, ки мутахассиси португалӣ дар бозгашти худ ба Мадрид чӣ гуна ҳайати “Реал”-ро барои мавсими нави рақобатҳо омода месозад ва оё метавонад дастаи шоҳонаро дубора ба қуллаҳои футболи Аврупо баргардонад.