Зидан гуфт, ки «Реал» киҳоро мехарад

Зидан гуфт, ки «Реал» киҳоро мехарад

Сармураббии бошгоҳи «Реал» - Зинедин Зидан иброз намуд, ки роҳбарияти даста ба харидории ҳамлавари «Боруссия» - Эрлинг Холанд ва форварди «Пари Сен-Жермен» Килиан Мбаппе таваҷҷуҳи зиёд дорад.

«Холанд футболбози ман нест, аммо ӯ хуб аст. Ман чӣ гуфта метавонам? Чӣ гунае, ки ҳамагон мегуянд. Овозаҳо ҳамеша бисёранд, аммо мо танҳо дар бораи Мбаппе намегуем. Ҳаминашро гуфтанӣ ҳастам, ки роҳбарияти даста ба ин ду таваҷҷуҳ дорад», — иқтибос меорад Goal аз суханҳои Зизу.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки парижиҳо ба Мбаппе шартномаи 5 соларо бо 30 млн евро дар як сол пешниҳод намуда буданд. Аммо футболбоз бошад, аз ин пешниҳод саркашӣ намуд. Мбаппе мехоҳад, ки ба “Реал” гузариш кунад.