Зидан: “Мбаппе исмашро дар таърихи “Реал” сабт хоҳад кард”

Сармураббии собиқи “Реал Мадрид” Зинедин Зидан дар бораи гузаштани Килиан Мбаппе ба бошгоҳи шаҳри Мадрид ибрози назар кард.
“Мбаппе аллакай дар ҳайати тими Мадрид. Ӯ исмашро дар таърихи клуб сабт хоҳад кард ва ман фикр мекунам, ки ӯ аз ҳама болотар хоҳад рафт”, - иқтибос меорад Telefoot аз суханони Зидан.
Ёдовар мешавем, ки Килиан Мбаппе аз “ПСЖ” рафт ва ҳамчун агенти озод ба “Реал Мадрид” гузашт. Дар мавсими гузашта ҳамлагари 25-сола дар 48 бозӣ ширкат карда, 44 гол задааст ва 10 партофти головар кардааст.