Зинаи ифтихории камонварони тоҷик дар Тошканд

Зинаи ифтихории камонварони тоҷик дар Тошканд

Камонварони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Тошканд ду медал ба даст оварданд. 22-27 феврал дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ баргузор шуд, ки дар он тими мунтахаби Тоҷикистон ширкат кард. Варзишгарони мо дар сабқати даставӣ ҳам миёни мардон ва ҳам миёни бонувон медали нуқра ба даст оварданд. Дар ҳар ду қувваозмоӣ варзишгарони Ӯзбекистон ғолиб шуданд. Ҷои сеюм насиби дастаи Қирғизистон шуд.

Ба ҳайати тими бонувони мо Мавзуна Азимова, Фирӯза Зубайдова ва Фирӯза Давлатова шомил буданд. Дастаи мардон аз Анушервон Раҳимӣ, Умед Раҳмонов ва Абдуғаффор Рустамов иборат буд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон соли гузашта давоми се моҳ Барномаи рушди сохтори Федератсияи камонварии Тоҷикистонро табиқ кард, ки дар ҷараёни он курсҳои омӯзишӣ барои доварон, мураббиён ва масъулини федератсия доир гардид.