Златан: «Марадона барои ман, бештар аз футбол аст»

Златан: «Марадона барои ман, бештар аз футбол аст»

Ҳамлагари бошгоҳи “Милан” - Златан Ибрагимович дар бораи муносибати худ ба Диего Марадона нақл кард.

- Вақте ки шумо дар бораи рақами 10 фикр мекунед, киро тасаввур мекунед? Марадона. Вай рамзи шумораи “даҳ” аст. Ман аз дарк кардани он хеле ғамгинам, ки ӯ нест, зеро Марадона барои ман аз футбол бештар аст. Вай як нобиғаи бузург барои тамоми мардум аст. Ба ман муяссар шуд, ки шахсан бо ӯ мулоқот кунам, муошират кунам. Ман фикр мекунам, ки вай барои ҳама футболбозон намуна аст.

- Ман мутмаин нестам, ки ӯ ҳамеша дар зиндагӣ интихоби дуруст кардааст, аммо ӯ ҳама чизро бо ҷон ба ҷо меовард ва барои ин тамоми ҷаҳон ӯро дӯст медорад. Ӯ ҳамеша ҷовидон боқӣ мемонад. Дар футболи муосир бозигарон мекӯшанд комил бошанд, ҳеҷ гоҳ хато накунанд - аммо барои рушд кардан ва омӯхтан хато кардан лозим аст. Албатта, барқасд нест, аммо ҳеҷ кас аз рӯзи таваллуд ҳирфаӣ нест. Марадона бошад, ман ӯро танҳо барои бозиҳои гузаштааш мухлисӣ мекунам - ҳар он чизе ки берун аз майдон рух дод, танҳо ба худи ӯ дахл дорад. Мо бояд Марадонаро барои он корҳое, ки дар майдони футбол кардааст, ёдовар шавем ва барои ин ӯ то абад дар ёдам хоҳад монд ”, - гуфт Иброҳимович.

Ёдовар мешавем, ки аргентинӣ рӯзи 25 ноябр дар синни 61 аз бемории қалб даргузашт.