Зуҳуршо Нурмаҳмадзода - Раиси Федератсияи кураши Тоҷикистон интихоб гардид
Носир Бозоров раиси федаратсияи кунунӣ аз соли таъсис ва то рушду равнақи бесобиқаи кураш дар Тоҷикистон саҳми арзанда ва бесобиқаи худро гузоштааст. Зери роҳбарии ӯ варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон 5 нишони тилло ба даст оварда, ҳамчунин 6 нафари дигар ҷоизадор гаштаанд.
Дар ин 20 сол бо ҳидоят ва заҳматҳои ин пири кор 6 довари тоҷик унвони байналмилалиро соҳиб гаштанд. Худи Носир Бозоров низ интихоби раиси ҷадиди федерасияро такони ҷиддиии мусбие дар ояндаи ин варзиш хонд.
Аъзои ҷаласа ба Носир Бозоров, ки тайи 20 соли охир вазифаи роҳбарии Федератсияи кураши меҳанро бар ӯҳда дошт, миннатдорӣ карда, барояш муваффақият хостанд.
Зуҳуршо Нурмуҳаммадзода ба иштирокчиёни ҷаласа барои боварӣ изҳори миннатдорӣ карда, иброз намуд, ки дар ҳамкорӣ ин риштаи варзишро рушд медиҳем ва дар ҷавоб ба ғамхориҳои Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе корҳоро ҷоннок намуда, натиҷаҳоро хуб хоҳем кард.
Дар интиҳо роҳбарияти варзиши меҳан ва Кумитаи миллии Олимпӣ дастурҳои мушаххасе ба роҳбари ҷадиди Федератсия доданд ва ба собиқ раиси Федератсия, собиқадори варзиш Носир Бозоров аз ҷониби Президенти Федератсияи кураши Осиё туҳфае қадрдонӣ карда шуд ва ҳамчунин масъулини бахши варзиши меҳан ба устод Бозоров туҳфаи хотиравие тақдим намуданд.