Зулқайнарова аз идомаи Қаҳрамонии ҷаҳони бокс бенасиб монд

Зулқайнарова аз идомаи  Қаҳрамонии ҷаҳони бокс  бенасиб монд

14-умин Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон дар шаҳри Ниши Сербия идома дорад.

Дар рӯзи сеюми мусобиқа муштзанбонуи тоҷик Шоира Зулқайнарова дар вазни 60 кг дар даври дуюм аз намояндаи Туркия Озер Гизем бо ҳисоби 5 бар 0 бо қарори якдилонаи доварон шикаст хӯрда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Ин аввалин рақобати Зулқайнарова буд, ки бо шикаст ба анҷом расид. Зеро дар даври аввал бинобар ҳозир нашудани рақиб Петер аз Африқои Ҷанубӣ ба ринг пирӯзӣ насиби Шоира шуда буд.

Ҳамакнун, аз 3 намояндаи Тоҷикистон Миҷгона Самадова, Нилуфар Бобоёрова ва Шоира Зулқайнарова дар мусобиқаи мазкур танҳо умед ба Самадова монд.

Дар рӯзи якуми мусобиқа Нилуфар Бобоёрова (63 кг) дар даври аввал аз намояндаи Литва Сорокина Йекатерина бо ҳисоби 5:0 мувоҷеҳи шикаст шуд.

Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг дар аввалин рақобат пирӯзӣ ба даст овард. Миҷгона дар даври аввал бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 Палома Диана Перес аз Мексикаро шикаст дод.

Бегоҳии имрӯз дар даври ҳаштякниҳоӣ Миҷгона бо Чеге Паолин Вандия аз Кения нерӯсанҷӣ мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки муштзанҳоямонро дар мусобиқа мураббиҳо Рустам Музаффаров ва Комил Лашкаров роҳнамоӣ доранд. Ҳамчунин, довари дараҷаи байналмилалӣ Мансур Муҳиддинов аз кишвари мо дар мусобиқа кор мекунад.

Ёдовар мешавем, ки аз 8-ум то 16-уми март дар шаҳри Ниши Сербия миёни беҳтарин муштзанон Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон аз рӯи 12 вазн баргузор мегардад. Дар мусобиқа 239 муштзан аз 51 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.

Ҷоизадорони мусобиқаи мазкурро маблағҳои ҳангуфти пулӣ интизор аст. Барандагони медалҳои тилло 100 ҳазор доллар, барандагони медалҳои нуқра 50 ҳазор доллар ва барандагони медалҳои биринҷӣ 25 ҳазор доллар мегиранд. Бори аввал дар таърихи ин мусобиқа ҳамаи варзишгароне, ки ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд, соҳиби ҷоизапулӣ мегарданд. Ба ҳар кадоми онҳо 10 ҳазор доллар дода мешавад.

ТВ "Варзиш"