Зверев ба осони роҳашро ба даври чаҳорякниҳоии ATP Gonet Geneva Open ҳамвор кард

Зверев ба осони роҳашро ба даври чаҳорякниҳоии ATP Gonet Geneva Open ҳамвор кард

Теннисбози олмонӣ Александр Зверев дар мусобиқаи  ATP Gonet Geneva Open ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар даври ҳаштякниҳоӣ муқобили ракеткаи 75-уми ҷаҳон Кристофер Юбэнкси 27 сола аз ИМА зафар ёфт.

Вохӯрии теннисбозон рӯи корт 1 соату 8 дақиқа идома ёфта, бо ҳисоби 6:2, 6:3 ба нафъи  Александр Зверев анҷом ёфт.

Ҳамакнун, Зверев барои роҳ ёфтан ба даври ниманиҳоии мусобиқот дар Женева бо Ву Йибин аз Чин сабқат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки фонди ҷоизавии мусобиқаи ATP Gonet Geneva Open 562 815 евроро ташкил медиҳад.   Ғолиби феълии мусобиқот Каспер Рууди норвегӣ аст.