Зверев бори 21-ум ба даври чаҳоруми мусобиқаҳои “Тоскулоҳи бузург” роҳ ёфт

Зверев бори 21-ум ба даври чаҳоруми мусобиқаҳои “Тоскулоҳи бузург” роҳ ёфт

Финалисти ду мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”, қаҳрамони Бозиҳои Олимпии соли 2020, ғолиби 25 мусобиқаи ATP, ракеткаи дуюми ҷаҳон, теннисбози олмонӣ Александр Зверев дар даври сеюми мусобиқаи Australian Open - 2025 бар Ҷейкоб Фирнлии бритониёӣ бо ҳисоби 6: 3, 6:4, 6:4 пирӯз шуда, ба даври чорум баромад.

Ин бори 21-ум аст, ки олмонӣ ба даври чоруми мусобиқаи «Тоскулоҳи бузур» роҳ ёфтааст, ки рекорди ҳама вақт барои теннисбозони соли таваллудашон аз соли 1990 мебошад.

Зверев дар ин нишондод аз теннисбози канадагӣ ва собиқ ракеткаи сеюми ҷаҳон Милош Раонич пеш гузашт. Вай ин корро 20 маротиба карда буд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи Australian Open — 2025 аз 12-ум то 26 –ум январ баргузор мешавад. Қаҳрамони феълии мусобиқа теннисбози итолиёвӣ Янник Синнер дар Мелбурн мебошад.