Баҳодур Усмонов
Бокс
Дата рождения
21.12.1997
Место рождения
ш.Душанбе
Полное Имя
Усмонов Баҳодур Баҳромович
Усмонов Баҳодур Баҳромович 21-уми декабри соли 1997 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ дар вазни то 63,5 кг ҳунарнамоӣ мекунад ва яке аз чеҳраҳои пешсаф ва муваффақи бокси тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Оилаи онҳо аз 4 нафар 3 писар ва 1 духтар иборат аст. Модараш омӯзгор ва падараш собиқ раиси маҳаллаи шаҳраки 83-и ноҳияи Сино мебошанд. Бародари Баҳодур ба бокс машғул буд, аммо дар ҷавони бинобар осеби ғайриинтизор корномаашро ҷамъбаст намуд.
Баҳодур Усмонов дар МТМУ рақами 92-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳсил карда, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимовро хатм кардааст.
Дар синни 11 солагӣ ба толори варзишӣ рафта, аз риштаи бокс тамринҳоро зери роҳнамоии Мирзо Шамсиев оғоз намудааст. Падараш барои ба бокс машғул шудани Баҳодур нақши созгор дорад.
Аввалин мусобиқае, ки Баҳодур иштирок кардааст, ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни наврасон оид ба бокс мебошад, ки соҳиби медали тилло шудааст. Дар умум беш аз 20 медали тилло берун аз ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба даст овардааст.
Баҳодур Усмонов иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 ва Париж-2024 мебошад. Нисбат ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 Баҳодур рақобати шоистатар нишон дода буд.
Баҳодур Усмонов ҷоизадори Чемпионати ҷаҳонии соли 2023 дар Тошканд мебошад. Баҳодур соли 2019 дар Чемпионати Осиё соҳиби медали тилло дар вазни 63,5 кг шуд. Баҳодур баъд аз 8 сол медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба боксро барои Тоҷикистон соҳиб шуд. Соли 2011 муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов дар вазни 56 кг дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ ба унвони Чемпиони Осиё даст ёфта буд.
Ҳамчунин, Ҷаҳон Қурбонов соли 2008 ва Мавзуна Чориева соли 2010 чемпиони Осиё оид ба бокс гардида буданд. Баъдан, Акмал Убайдов дар вазни 60 кг соҳиби медали тилло дар Тайланд шуд.
Инчунин, Баҳодур Усмонов ҷоизадори Чемпионати Осиё дар солҳои 2021 ва 2022 мебошад. Баҳодур ҳамчунин, қаҳрамони чандинкаратаи Тоҷикистон аст.
Натиҷаи Баҳодур Усмонов дар бокси касбӣ (10-0, КО 5) мебошад. Дорандаи камарбанди қаҳрамонии WBA Gold ва қаҳрамонии Осиёро аз рӯи фарзияи IBA дар вазни сабук дорад. Ҳоло, Баҳодур Усмонов дар рейтинги нави умумиҷаҳонӣ (с.2025), дар вазни сабук (61,2 кг) дар мақоми 9-уми рейтинги WBA қарор дорад.
Баҳодур Усмонов варзишгари комил ва дорои таркиби боэътимод дар бокси ҳаваскор ва касбӣ мебошад. Баҳодур на танҳо дар ринги бокс, балки берун аз он низ ҳамчун шахси хоксор ва намунаи ибрат барои ҷавонони тоҷик шинохта шудааст.
Ҳар мусобиқа барои Баҳодур Усмонов на танҳо набард дар ринг, балки арсаи ифтихори миллӣ аст. Ӯ имрӯз ба ҳайси яке аз чеҳраҳои шинохтаи варзиши Тоҷикистон ва аз муштзанҳои пешсафи кишвар шинохта мешавад.
