Мавзуна Чориева
Бокс
Дата рождения
01.10.1992
Место рождения
ш.Кӯлоб
Полное Имя
Чориева Мавзуна Ғоибназаровна
Чориева Мавзуна Ғоибназаровна 1-уми октябри соли 1992 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ӯ аз овони кӯдакӣ ба варзиш, хусусан ба намудҳои размӣ шавқ пайдо кард. Аввал ба каратэ ва баъдтар ба бокс машғул шуд. Ба бокс ҷалб шудани Мавзуна бо дастгирии падари ӯ, ки шахси варзишдӯст буд, оғоз ёфт. Мирзо Шамсиев мураббии Мавзуна маҳсуб меёбад ва нақши калон дар ташаккули варзишии ӯ дорад.
Мавзуна Чориева аз солҳои наврасӣ дар мусобиқаҳои дохилӣ ва баъдан байналмилалӣ иштирок намуда, дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон ба майдон мебаромад. Бо маҳорати баланди худ ва иродаи қавӣ, зуд дар саҳнаи байналмилалӣ муаррифӣ шуд ва яке аз чеҳраҳои пешсафи бокси занонаи тоҷик гардид.
Қуллаи баландтарини фаъолияти варзишии ӯ соли 2012 дар Бозиҳои олимпии Лондон ба амал омад. Дар ин Олимпиада, ки бори аввал бокс миёни занон вориди барномаи расмии Бозиҳои олимпӣ гардид, Мавзуна Чориева дар вазни то 60 кг сазовори медали биринҷӣ шуд. Ин дастоварди таърихӣ аввалин медали олимпии як варзишгари зан аз Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мураббӣ Мирзо Шамсиев дар ин масир роҳнамоӣ Мавзуна буд.
Ҳамчунин, Мавзуна ҷоизадори Қаҳрамонии ҷаҳони соли 2012 дар Синхуандаои Чин дар вазни то 60 кг мебошад. Соли 2010 Мавзуна ба гирифтани медали тилло дар Чемпионати Осиё дар шаҳри Остона шарафёб гардидааст.
Мавзуна Чориева қаҳрамони 7 каратаи Тоҷикистон буда, бо ордени “Шараф” дараҷаи 2 соли 2012 қадрдонӣ шуда, устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳоло Мавзуна Чориева дар Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон фаъолият карда, дар тарбияи варзишгарони ҷавон дар риштаи бокс саҳмгузор мегардад.
