Давлат Болтаев

Давлат Болтаев
Деятельность
Бокс
Дата рождения
13.01.1999
Место рождения
ш.Душанбе
Полное Имя
Болтаев Давлат Рустамович

Болтаев Давлат Рустамович  13 –уми январи соли 1999 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ яке аз варзишгарони маъруфи Тоҷикистон дар риштаи бокс мебошад, ки дар вазни то 92 килограмм ҳунарнамоӣ мекунад.
Фаъолияти варзишии худро аз овони кӯдакӣ оғоз намуда, дар мактабҳои варзишии Душанбе тарбия ёфтааст. Гарчанде, дар овонӣ кӯдакӣ ба варзиш майл дошт, лек Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявиро дар ихтисосӣ дандонпизишкӣ хатм намудааст. Дар ин касб бештар Давлат бо тавсияҳои дӯсташ амал карда, якҷоя дар ин ришта таҳсил кардаанд. Вале дар ин самт Болтаев фаъолият накардааст.

Сараввал, Давлат Болтаев аз намуди таеквондо ва кикбоксинг тамрин мекард. Дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ду маротиба унвони қаҳрамониро дар риштаҳои варзиш ба даст овардааст. Ду маротиба – бори аввал дар Чемпионати ҷаҳон, ки соли 2014 дар Тоҷикистон шуда гузашт ва бори дуюм дар Италия аз намуди “таэквандо ITF” қаҳрамони ҷаҳон шудааст. Аз намуди муайтай дар шаҳри Ашқободи Туркманистон мақоми сеюмро ишғол кардааст. Инчунин соли 2017 мақоми ифтихориро дар Ҷоми ҷаҳон аз намуди варзиши кудо дар Ҳиндустон соҳиб шудааст.

Баъдан, Давлат Болтаев, ки бештар дар қалбаш алангаи муштзан шуданро мепарварид, ба намуди бокс рӯй овард ва дар давоми фаъолияти худ борҳо Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ намояндагӣ карда, яке аз чеҳраҳои барҷастаи варзиши тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ дар намуди бокс ба ҳисоб меравад. Дар ин роҳ Давлатро мураббӣ – Алӣ Бобоҷонов роҳнамӣ мекунад.

Соли 2024 дар Бозиҳои олимпии Париж – Давлат Болтаев бо беҳтарин муштзанҳо сабқат карда, соҳиби нишони биринҷӣ гардид, ки аз беҳтарин натиҷаи корномаи муштзанияш маҳсуб мешавад. Барои гирифтани медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ Давлат Болтаев тамринҳои зиёд ва машаққату меҳнати зиёд кардааст. Медали биринҷии Давлат Болтаев дар Бозиҳои олимпӣ аз риштаи бокс пас аз 12 сол барои Тоҷикистон ба даст омад. Ин дуюмин медали олимпӣ дар таърихи Тоҷикистон дар бокс ба ҳисоб меравад.

Болтаев моҳи октябри соли 2023 пас аз 17 сол аз риштаи бокс барои Тоҷикистон аз Бозиҳои Осиёӣ медали тилло ба даст овард. Онҷо Давлат дар 19-умин Бозиҳои Осиёии соли 2022 дар шаҳри Ҳангжоу Чин ба гирифтани медали тилло дар вазни +92 кг даст ёфта буд. Ҷаҳон Қурбонов қаблан, ягони нишони тиллоро аз намуди бокс дар Бозиҳои Осиёӣ соли 2006 дар Доҳаи Қатар соҳиб шудааст.
Давлат Болтаев қаҳрамони чандинкаратаи Тоҷикистон буда, натиҷааш дар бокси касбӣ (4-0, КО2) мебошад.
Бо ордени “Шараф” дараҷаи 2 соли 2024 қадрдонӣ шудааст.

Ҳоло Давлат Болтаев ҳамчун яке аз варзишгарони умедбахши кишвар ният дорад дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва Бозиҳои олимпии оянда натиҷаҳои боз ҳам баланд ба даст оварад ва Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ бо ифтихор муаррифӣ намояд.