Эмомалӣ Нуралӣ

Эмомалӣ Нуралӣ
Деятельность
Ҷудо
Дата рождения
08.04.2002
Место рождения
н.Хуросон
Полное Имя
Эмомалӣ Нуралӣ

Эмомалӣ Нуралӣ 8-уми апрели соли 2002 дар деҳаи Ҳилолии ноҳияи Хуросон таваллуд шудааст. Дар муассисаи таълимии №47, ки падараш дар онҷо омӯзгор буд, таҳсил намудааст. Падари хонадон Нуралӣ Бобокалонов дар баробари омӯзгорӣ дар деҳа толори варзишӣ дошт, ки онҷо шогирдонро тарбият менамуд.

Аз синни 8-солагӣ падар Эмомалиро ба толори варзишии худ бурд ва аввалин устоди ӯ дар риштаи гӯштини ҷудо шуд. Оилаи онҳо аз 8 нафар 3 писар ва 5 духтар иборат аст. Ба варзиш бародарон Шодмон, Эмомалӣ ва Ёсин рӯ оварда, аз риштаи ҷудо машқварзӣ мекарданд. Бародари калонии Эмомалӣ – Шодмон Бобокалонов дар овони ҷавонӣ осеб бардошт ва корномаи варзишиашро ҷамъбаст намуд ва дар идома барои бародаронаш ҳамроҳ бо падар кӯмак кард то онҳо аз варзиш дур нашаванду, тамринҳоро идома диҳанд.
Падари Эмомалӣ - Нуралӣ Бобокалонов аз ҷавониашон ба варзиш шавқ доштааст ва аз ин рӯ дар ноҳия тамринҳо барои кӯдакону наврасон ташкил кардааст. Маҳз заҳмат ва пешбарии падараш буд, ки ман имрӯз Эмомалӣ варзишгари касбӣ шуд.

Эмомалӣ аз синни 12 солагӣ дар мусобиқаҳои гӯштин иштирок мекунад. Сараввал мусобиқаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва инак дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ ҳоло Эмомалӣ ширкат варзида, аз худ дарак медиҳад ва ҳоло ҷудокори рақами якуми ҷаҳон дар соли 2025 дар вазни то 66 кг маҳсуб мешавад.

Новобаста аз он, ки Эмомалӣ пурра ба варзиш машғул буду алакай роҳашро интихоб намуда буд, пас аз хатми мактаб ба Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дар риштаи ҳуқуқшиносӣ дохил шуд. Ҳамзамон тамринҳои худро дар Клуби варзишии Парвиз Собиров оғоз намуд ва устоди минбаъдаи ӯ дар ин роҳ Фаррух Собиров шуд.

Эмомалӣ маҳз бо дастгирӣ ва пешниҳоди Фаррух Собиров ба Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон омода шуда, раҳсипор гардид ва истеъдодаш ӯро онҷо муаррифгар шуд. Эмомалӣ дар Қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонони соли 2022 дар шаҳри Гуаякили Эквадор бо боварии ба худ хос, ҳунари воло, ахлоқи ҳамида, дасту бозувони пурқувват ба гирифтани медали тилло даст ёфт ва парчами Тоҷикистонро парафшон намуд.

Эмомалӣ Нуралӣ аввалин медали нуқраро дар мусобиқаҳои Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон барои Тоҷикистон соҳиб шуда, исмашро таърихӣ кардааст. Яъне, то ба имрӯз Эмомалӣ ягона ҷудокор аз Тоҷикистон аст, ки дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон ба гирифтани медали нуқра шарафёб гардидааст. Медали нуқраро дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳони соли 2025 дар Будапешти Маҷористон бо ҳунарнамоии волои хеш Эмомалӣ Нуралӣ ба даст овард.

Дастовартҳои дигари Эмомалии Нуралӣ дар ҷаҳони гӯштини ҷудо ин медалҳои тилло дар мусобиқаҳои Tashkent Grand Slam 2023, 2024, Dushanbe Grand Slam 2025, медали тилло дар мусобиқаи Russian Judo Tour-2024 маҳсуб мешавад.
Инчунин, Эмомалӣ қаҳрамони чандинкаратаи Тоҷикистон буда, иштирокчии Бозиҳои олимпии Париж-2024 мебошад.

Имрӯз Эмомалии Нуралӣ ҳамчун яке аз чеҳраҳои умедбахши варзиши тоҷик ба машқҳои мунтазам идома дода, ният дорад дар мусобиқаҳои оянда, аз ҷумла Бозиҳои олимпӣ парчами Тоҷикистонро болои сар бардорад.