Муҳсин Муҳамадиев
Футбол
Дата рождения
21.10.1966
Место рождения
ш.Душанбе
Полное Имя
Муҳамадиев Муҳсин Муслимович
Муҳамадиев Муҳсин Муслимович 21-уми октябри соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ дар овони хурдсолӣ аз волидайн маҳрум мемонад. Новобаста аз мушкилиҳои рӯзгор Муҳсин дар хурдӣ ба футбол шавқу рағбати зиёд дошт ва пайваста дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе дар вақтҳои холигӣ бо дӯстон ба бозии футбол андармон мешуд.
Муҳаммадиев фаъолияти футболбозии худро зери роҳбарии аввалин мураббиаш — Николай Алексеевич Войнов оғоз намудааст. Қадамҳои нахустини касбии худро дар дастаи «Пахтакор» (Қурғонтеппа) гузошт. Аз соли 1985 дар дастаи пешсафи ҶШС Тоҷикистон — «Помир»-и Душанбе бозӣ мекард. Пеш аз оғози мавсими соли 1991 ният дошт ба дастаи «Динамо»-и Киев гузарад, аммо бошгоҳ сари вақт ӯро ба қайд гирифта натавонист.
Мавсими соли 1992-ро дар «Помир» оғоз намуда, дар чемпионати Тоҷикистон 3 бозӣ анҷом дода, 5 гол ба самар расонид. Дар идома пас аз бозии марҳилаи нимниҳоии Ҷоми ИДМ-1992 дар Маскав монд ва бо даъвати Юрий Сёмин ба дастаи «Локомотив»-и Маскав пайваст.
Дар идома дар як қатор бошгоҳҳои Русия, аз ҷумла «Спартак» (Маскав), «Торпедо» (Маскав), «Локомотив» (Нижний Новгород) ва дигар дастаҳо бозӣ кардааст. 6-уми майи соли 1995 як бозӣ дар ҳайати тими миллии Русия муқобили ҷазираҳои Фарер анҷом дода, як гол зад. Ин вохӯрӣ бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи тими Русия анҷом ёфт.
Соли 1998 бо мусоидати Рашид Раҳимов ба дастаи «Аустрия»-и Вена гузашт, ки дар ҷустуҷӯи ҳамлагари ҳадафнок буд. Ӯ то поёни мавсим шартнома имзо намуда, баъдан ба Русия баргашт. Соли 2000 бо дастаи «Самарқанд» ба финали Ҷоми Ӯзбекистон роҳ ёфт ва дар ҳайати он даста беҳтарин нишонзан гардид.
Фаъолияти касбии футболбозии худро соли 2002 дар дастаи лигаи дуюми Русия - «Витяз» (Подолск) ба анҷом расонд. Пас аз он дар ҳамон бошгоҳ ба фаъолияти мураббигӣ гузашт. Аз соли 2007 то 18 апрели 2008 сармураббии «Витяз» буд ва даста зери роҳбарии ӯ ғолиби минтақаи «Марказ»-и лигаи дуюм гардид.
Аз июни соли 2008 то июни 2012 дар вазифаи директори варзишии «Рубин»-и Қазон фаъолият кард. Дар ин давра «Рубин» бори аввал дар таърихи худ қаҳрамони Русия шуд, инчунин соҳиби Ҷоми Русия, Суперҷом ва Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид. Моҳи октябри оли 2009 Муҳаммадиев бо дастаи «Рубин» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Аврупо дар варзишгоҳи бошукуҳи «Камп Ноу» бар тими овозадори «Барселона» бо ҳисоби 2 бар 1 ғолиб омадааст. Баъдан моҳи ноябри соли 2009 бозии ҷавобӣ бо «Барселона» дар Қазон мусовӣ бидуни гол хотима ёфт.
Моҳи июли соли 2013 Муҳаммадиев ба вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон таъйин шуд. Аз 22-юми августи соли 2015 то 19-уми июли соли 2016 ба ҳайси мураббии калони дастаи «Ордабаси» фаъолият бурд.
Аз 31 -уми октябри соли 2016 то 22 -юми майи соли 2018 сармураббии дастаи «Истиқлол» буд. 10-уми июни соли 2019 ба вазифаи сармураббии дастаи «Бухоро» таъйин гардид. 30-юми июни соли 2020 шартнома бо бошгоҳи «Бухоро» бо мувофиқаи тарафайн қатъ шуд. 4-уми феврали соли 2022 иттилоъ паҳн гардид, ки ӯ сармураббии дастаи «Нэфис»-и Қазон шудааст, гарчанде дар бораи таъйиноти расмӣ хабар дода нашуда буд.
Муҳсин Муҳаммадиев ба ҳайси бозигар, қаҳрамони Русия дар соли 1994 гардид. Соли 1988 бо дастаи «Помир»-и Душанбе ғолиби Лигаи якуми Иттиҳоди Шӯравӣ шуд ва ин бошгоҳ бори аввал ҳуқуқи иштирок дар лигаи олӣ гирифт. Соли 2000 финалисти Ҷоми Ӯзбекистон гардид. Ба ҳайси мураббӣ соли 2007 ғолиби минтақаи «Марказ»-и дивизиони дуюми ПФЛ шуд. Қаҳрамони Русия дар солҳои 2008 ва 2009, барандаи медали биринҷии чемпионати Русия дар соли 2010 гардид. Соҳиби Ҷоми Русия дар мавсими 2011/2012 ва финалисти Ҷоми Русия дар мавсими 2008/2009 буд. Соли 2010 соҳиби Суперҷоми Русия ва Ҷоми қаҳрамонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид.
Ҳамчунин, қаҳрамони Тоҷикистон дар солҳои 2016 ва 2017 шуд. Соҳиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар солҳои 2017 ва 2018 ва барандаи Суперҷоми Тоҷикистон дар соли 2018 гардид. Инчунин соли 2017 ба финали Ҷоми КФО (AFC Cup) роҳ ёфт.
Моҳи июни соли 2022 ба вазифаи муовини якуми президенти бошгоҳи «Истиқлол» таъйин гардид. Соли 2023 ба ҳайси мураббии тими мунтахаби ИДМ дар мусобиқаи «Ҷоми Легендаҳо» иштирок намуда, соҳиби нишонҳои нуқра гардид. Моҳи феврали соли 2024 директори бошгоҳи футболи «Вахш» таъйин шуд ва то дами марг онҷо фаъолият намуд. Ин ҳамон дастаест, ки қаблан бо номи «Пахтакор» маъруф буд ва Муҳаммадиев фаъолияти варзишии худро аз он оғоз карда буд.
Моҳи феврали соли 2025 ҳангоми ҷамъомади таълимӣ бо дастаи «Вахш» дар Туркия сактаи мағзӣ гирифт. Баъдан ба шаҳри Маскав интиқол ёфт ва чандин маротиба сакта аз сар гузаронд. Моҳи июни соли 2025 дар ҳолати вазнини устувор ба шуъбаи эҳёгарии Маркази федералии мағз ва нейротехнологияҳои ФМБА-и Русия бистарӣ шуда, ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст гардид. Моҳи сентябри соли 2025 аз бемористон рухсат дода шуд.
Муҳаммадиев 1-уми январи соли 2026 дар шаҳри Маскав, ҳангоми муолиҷа дар яке аз клиникаҳо дар синни 59 солагӣ даргузашт. 3-юми январи соли 2026 дар оромгоҳи «Лучоб»-и шаҳри Душанбе Муҳаммадиевро ба хок супориданд. Муҳсин Муҳаммадиев яке аз беҳтарин футболбозони тоҷик дар асри 20 ва собиқ сармураббии тими миллии Тоҷикистон буда, дар рушди футболи тоҷик саҳми бебаҳо гузошта, дар хотираи мухлисон, ҳамкорон ва шогирдонаш абадан боқӣ хоҳад монд.
