Рустам Ятимов

Рустам Ятимов
Деятельность
Футбол
Дата рождения
13.07.1998
Место рождения
ш.Нижний Новгород
Полное Имя
Ятимов Рустам Бобораҳимович

Ятимов Рустам Бобораҳимович 13-уми июли соли 1998 дар шаҳри Нижний Новгороди Русия таваллуд шудааст. Модараш рус ва падараш тоҷик мебошад. Аз хурдӣ Рустам ба варзиш шавқу рағбат дошт ва дар идома пас аз ба мактаб рафтан ба бозии футбол бештар мароқ зоҳир намуда, ба ҳамин масир ҳамчун дарвозабон раҳсипор гардид.

Рустам дастпарвари тими “Нижний Новгород” аст. Пас аз муддате бозӣ кардан дар ин тим, ӯ дар дастаи “Волга” ҳам бозӣ кард. Он ҷо Рустам бо футболбози тоҷик Искандар Ҷалилов ошно шуд ва ин боис шуд, ки ӯ ба Тоҷикистон ва дастаи “Истиқлол” омад. Моҳи октябри соли 2016 Искандар Ҷалилов ба Ятимов таклиф кард ба Тоҷикистон ва дастаи “Истиқлол” биёяд. Рустам ин пешниҳодро пазируфт ва моҳи январи соли 2017 ба ҳайати дастаи шаҳри Душанбе омад. Пас аз ду бозии санҷишӣ бозии Рустамро сармураббӣ Муҳсин Муҳаммадиев писандид. Дар “Истиқлол” дарвозабони сербӣ Никола Стошич, ки дар Тоҷикистон ба дунё омада, калон шудааст, бештар ба Рустам кӯмак мекард. Баъдан, Ятимов ба тими то 23 солаи Тоҷикистон даъват шуд.

Соли 2019 Рустам Ятимов шаҳрвандии Тоҷикистонро гирифт. Ҳоло Рустам дарвозабони асосии тими миллии Тоҷикистон буда, дар дастаи “Ростов”-и Русия бозӣ мекунад.
Моҳи октябри соли 2023 бозӣ бо Роналду аз ҳайати “Истиқлол” дар Лигаи Чемпионҳои Осиё Рустам Ятимовро боз ҳам маҳбуби дили мухлисон гардонид. Ӯ дар ин бозӣ аз худ ҳунару маҳорати воло нишон дод ва ҳатто Роналду аз ин қоил шуда, ӯро ба оғуш гирифт.

Рустам Ятимов қаҳрамони 6 каратаи Тоҷикистон, 4 карата Ҷоми Тоҷикистон ва 4 карата Суперҷоми Тоҷикистон аз ҳайати “Истиқлол” мебошад. Ғолиби мусобиқаҳои “King's Cup-2022” ва “Ҷоми Мердека-2023” дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон аст. Беҳтарин дарвозабони Тоҷикистон дар соли 2022 ва беҳтарин бозигари Тоҷикистон дар соли 2023 мебошад. Гаронтарин бозигари тоҷик 1,8 млн евро тибқи портали Transfermarkt буда, дар қатори шашгона  гаронарзиштарин дарвозабонҳои қораи Осиё ҳоло қарор дорад ва рекорди мутлақро барои тамоми футболбозони тоҷик гузоштааст.

Ятимов соли 2025 дар ҳайати "Ростов"  беҳтарин дарвозабони Ҷоми Русия дониста шуда, инчунин беҳтарин бозигари Суперфинали Ҷоми Русия эътироф гардид. Инчунин Рустам Ятимов беҳтарин бозигари моҳи майи  соли 2025  дар Премйер-Лигаи Русия ҳайати “Ростов” гардид.