Шариф Назаров

Шариф Назаров
Деятельность
Футбол
Дата рождения
23.02.1946
Место рождения
ш.Сталинобод
Полное Имя
Назаров Шариф Назарович

Назаров Шариф Назарович 23-юми феврали соли 1946 дар шаҳри Сталинобод (Душанбе) таваллуд шудааст. Ӯ дар овони хурдсолӣ аз волидайн маҳрум мемонад. Баъдан ӯ тӯли солҳои 1953-1964 дар мактаб-интернати кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав тарбия меёбад. Маҳз дар ҳамин ҷо Шариф Назаров ба варзиши рақами №1 майлу рағбат пайдо карда таҳти роҳбарии Петров Пётр Николаевич ба тамринҳои футбол мепардозад.

Баъд аз он, ки ба синни 18 даромад дар қатори ҳамсолони дигари худ мактаб-интернати ноҳияи Шаҳринавро хатм намуд. Собиқаи бозигарии ӯ аз ибтидо бо дастаи «Помир» пайвастагӣ дорад, ки он замон «Энергетик» ном дошт. Ӯ дар хатти дифоъ бозӣ мекард. Баъд аз муддате қаҳрамони ҷавони мо ба дастаи «Пахтакор»-и Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) гузашт. Ин марҳилаи фаъолияти ӯ тӯли солҳои 1964-1969-ро дар бар мегирад. Дар соли 1969 ӯро ба ҳайати асосии дастаи «Энергетик» гузаронданд. Шариф Назаров ҳамагӣ 2 сол дар ҳайати дастаи мазкур бозӣ кард. Асосан дар хатти муҳофиза ба майдон мебаромад. Ӯ дар умум дар 34 бозӣ вориди майдон шуда, ба дарвозаи ҳарифон ягон гол назадааст. Ба эътирофи худи ӯ миёни ҳамсолонаш аз нигоҳи ҳунар ва истеъдод чандон бартарӣ надошт. Бар замми ин осебҳои доимӣ ӯро азият медоданд. Ин ҳолат боис шуд то ӯ аз ҳайати асосӣ берун гардад. Бо ҳамин қаҳрамони мо фаъолияти минбаъдаи футболбозии худро ҷамъбаст намуда ба кори мудирии дастаҳои футболӣ пардохт.

Соли 1973 ӯ ба ҳайси мудир (администратор) фаъолияти кории худро дар дастаи «Помир»-и Душанбе оғоз мекунад. Солҳои 70-уми асри гузашта давраи рӯ ба рушд гузоштани футбол дар Тоҷикистон хоса пойтахти он - Душанбе буд. Ҳамон солҳо дастаи «Помир» таҳти роҳбарии Иштван Секич ба яке аз дастаҳои рақобатпазири минтақаи Осиёи Марказӣ табдил гашт. Саҳми қаҳрамонӣ мо дар ин муваффақиятҳои даста басо чашмрас буд. Ӯ баъд аз 4 соли мудирӣ ба вазифаи сардори дастаи «Помир» таъин шуд ва то соли 1981 дар ин симмат кор кард. Аммо меҳри худро аз футбол намеканд ва мехост ин дафъа бахти худро ба ҳайси мураббӣ санҷад. Ҳамзамон бо ин Шариф Назаров таҳсили худро давом медод.

Соли 1976 донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм кард. Акнун ӯ хоҳиш дошт то ба курсҳзои мураббитайёркунӣ дохил шуда боз дигарбора аз наздик ба футбол машғул шавад. Бо ин мақсад барои таҳсил дар курси тайёрии мураббиёни соҳаи варзиш ба шаҳри Москва сафар кард. Баъд аз он, ки дар соли 1983 курси тайёрии мураббиёни олии варзиширо хатм намуд дар дастаи «Помир» ба ҳайси ёвари сармураббӣ ба кор пардохт. Вазифаи сармураббии бошгоҳро бошад, ба дӯши ҳамсабақи ӯ Юрий Сёмин вогузор карданд.

Дастаи «Помир» бо вуҷуди талошҳои зиёд ва ҷалби беҳтарин футболбозони маҳаллӣ наметавонист аз лигаи 1-ум ба Лигаи олии ИҶШС барояд. Ва тӯли се соли фаъолияти Юрий Сёмин (1983-1985) даста вазифаҳои дар наздаш гузоштаро иҷро накард. Акнун роҳбарияти даста дар ҷустуҷӯи номзади дигар ба ҷойи Юрий Сёмин буданд. Ба ҷойи ӯ Шариф Назаров сармурабби нави «Помир» таъин шуд.

Шариф Назаров пешниҳоди сармураббии бошгоҳи асосии Тоҷикистон шуданро бо мамнуният қабул карда аз рӯзҳои аввал барои расидан ба ҳадаф, яъне баромадан ба Лигаи олии ИШ ҳамаи дониш, малака ва таҷрибаи худро сафарбар намуд. Соли 1986 дастаи «Помир» дар аввалин мавсими фаъолияти мураббигии Шариф Назаров бо касби 54 хол дар зинаи 5-ум мусобиқаро ҷамъбаст намуд. Дар мавсими оянда душанбегиҳо миёни 24 дастаи иштирокчӣ зинаи 4-умро аз худ карданд. Мавсими 1988 билохира «Помир» ба мақсади худ расид ва бо ишғоли ҷойи якум роҳхати Лигаи олии ИҶШС-ро ба даст овард. Ин муваффақият боис шуд то ба ӯ унвони Мураббии шоистаи варзиши ИШ-ро диҳанд. Мавриди ёдоварист, ки ӯ ягона мураббие буд, ки аз Тоҷикистон ин унвонро соҳиб шудааст.

Сипас, бо супориши роҳбарият соли 1989 ба Миср рафт ва як сол сармураббии дастаи «Ал-Марих» буд. Баъд аз баргашти худ дигарбора дар «Помир» корро идома дод. Маҳз замони роҳбарии ӯ дастаи «Помир» 2 сол пайдарҳам дар Лигаи олии ИҶШС, ки яке аз пурқувваттарин лигаҳои футболи замон эътироф мешуд зинаи 10-умро аз худ кард ва роҳхати худро аз як сол ба соли дигар дар мусобиқа нигоҳ дошт. «Помир» зери роҳбарии ӯ дар Лигаи олии ИШ бо чанде аз дастаҳои пешсаф бозии баробару арзанда нишон дода ғалабаҳои таърихиро ба қайд гирифтааст. Мисол 13-уми октябри соли 1990 «Помир» дар майдони худ Спартаки Москваро 5:1 торумор кард. Ё мисоли дигар, 2-юми майи соли 1991 дастаи овозадори Динамо Киев бо ҳисоби 2:1 аз дасти «Помир» шикаст хӯрд. Албатта мисолҳои ба ин монанд кам нестанд.

Баъд аз пош хӯрдани ИШ дастаи «Помир» зери роҳбарии Шариф Назаров аввалин қаҳрамони Тоҷикистон шуд ва худи ҳамон сол Ҷоми кишварро низ ба даст овард.

Ҳамчун мураббӣ, ӯ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Соли 2006 соҳиби Ҷоми даъвати КФО шуд. Дар сатҳи миллӣ чор маротиба солҳои 1992, 1998, 1999 ва 2000 унвони қаҳрамони Тоҷикистонро ба даст оварда, инчунин се бор солҳои 1992, 1999 ва 2004 Ҷоми Тоҷикистонро фатҳ намудааст. Илова бар ин, соли 1988 дар ҳайати дастаи «Помир» (Душанбе) ғолиби Лигаи якуми ИҶШС гардид.

Назаров ба ҳайси мураббӣ дар сатҳи мунтахаб дар тими миллӣ ва олимпии Тоҷикистон ва дар сатҳи бошгоҳ дар дастаҳои «Помир», «Эл-Марих», «Навбаҳор», «Помир», «Варзоб», «Фаррух», «Авиатор», «Хима» ва «Хайр» фаъолият кардааст. Ҳамчунин, аз соли 2009 то 2016 президенти тими «Регар-ТадАЗ» буд.

Шариф Назаров - устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ (минбаъд ИШ), мураббии хизматнишондодаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (минбаъд ИҶШС), корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон, 2 карат мураббии беҳтарини сол дар Тоҷикистон 2002 ва 2004 мебошад.

Шариф Назаров замони бозӣ карданаш дар ҳайати ҷавонони «Энергетик» соли 1964 бегоҳӣ дар хиёбони Ленин (ҳоло хиёбони Рӯдакӣ)-и пойтахт тасодуфан бо ҳамсари оянда худ Баҳор Пӯлодӣ вохӯрд. Бо гузашти чанд вақт Баҳор Пӯлодӣ (ҳоло Назарова) ва Шариф Назаров бо ҳам оила барпо карданд. Онҳо соҳиби ду фарзанд: писар (Ораз) ва духтар (Таҳмина) шуданд. Писари ӯ Ораз Назаров дар бештари дастаҳое, ки падараш мураббӣ буд футбол бозӣ мекард ва аз соли 2014 ба ҳайси мураббӣ дар дастаи «Антизенхофен»-и Австрия ба фаъолият оғоз кардааст.

Устураи футболи тоҷик Шариф Назаров пас аз бемории вазнин дар синни 80-солагӣ рӯзи 30-юми декабри соли 2025 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.