Сомон Маҳмадбеков

Сомон Маҳмадбеков
Деятельность
Ҷудо
Дата рождения
24.03.1999
Место рождения
ш.Иркутск
Полное Имя
Маҳмадбеков Сомон Моёншо

Маҳмадбеков Сомон Моёншо 24 –уми марти соли 1999 дар шаҳри Иркутски Федератсияи Русия таваллуд шудааст. Волидайни Сомон - Моёншо Маҳмадбеков ва Ҷамила Парвонаева аз ноҳияи Ванҷи Тоҷикистон мебошанд.

Сомон дар муҳити варзишӣ ба камол расида, аз овони ҷавонӣ маҳорат ва истеъдоди баланди худро нишон дод. Ӯ борҳо дар мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст. Маҳмадбеков аз зумари ҷудокорони муваффақи тоҷик аст, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро борҳо муаррифӣ карда, ливои меҳанро парафшон кардааст.

Дастовардҳои намоёни ӯ соли 2019 оғоз гардиданд, вақте ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон дар шаҳри Марокаш ӯ медали тилло ба даст овард ва қаҳрамони ҷаҳон шуд. Ин аввалин унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон барои Тоҷикистон дар риштаи ҷудо ба ҳисоб меравад.

Пас аз оне, ки Сомон дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар вазни то 73 кг муваффақ нашуд дар Бозиҳои олимпии навбатӣ дар Париж-2024 зери вазни то 81 кг барои Тоҷикистон медали биринҷӣ гирифт, ки аз дастовардҳои фахрӣ дар корномааш маҳсуб мешавад. Сомон тавонист, ки пас аз 16 сол барои Тоҷикистон аз риштаи ҷудо медали Бозиҳои Олимпиро соҳиб шавад.

Ҳамчунин, Сомон соли 2024 дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар шаҳри Абу-Дабии АМА барои Тоҷикистон медали биринҷӣ ба даст овард. Ин медалро бо гузашти 17 сол Сомон Маҳмадбеков аз Чемпионати ҷаҳони ҷудо барои Тоҷикистон соҳиб шуд.

Сомон Маҳмадбеков дар хазинаи дастоварҳо инчунин, медали тиллои Бозиҳои Осиёии соли 2022 дар шаҳри Ҳангжоу, медалҳои тиллои мусобиқаи Dushanbe Grand Prix -2023, Qazaqstan Barysy Grand Slam- 2023, ҷоизадори Чемпионати Осиё ва Уқёнусия дар солҳои 2021, 2022, 2024, ҷоизадори Osaka Grand Slam -2019, Tashkent Grand Slam -2023 дорад.
Бо ордени “Шараф” дараҷаи 2 дар соли 2024 сарфароз шудааст.

Қобили зикр аст, ки Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73 кг пештар ва ҳоло 81 кг ҳунарнамоӣ мекунад ва яке аз чеҳраҳои асосии дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо сабки ҳамлаовараш, рӯҳияи муборизона ва иродаи қавӣ дар байни мухлисон ва коршиносони варзиш эҳтиром пайдо кардааст.

Имрӯзҳо ӯ ба ҳайси яке аз варзишгарони калидии кишвар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ баромад мекунад ва дар қатори беҳтарин ҷудокорони Осиё ва ҷаҳон ҷойгоҳи махсус дорад.